(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар Мактаби бачагонаи санъати №4 –и шаҳри Хуҷанд бо иштироки аҳли фарҳанги шаҳр ва тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии фарҳангӣ ҷашни Наврўзи байналмилал мутантан таҷлил карда шуд.

Обид Назарзода, муовири аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фирўза Нуруллозода фарҳангчиёнро бо Иди миллии Наврўзи фархундапай табрику таҳният намуда, таъкид доштанд, ки Наврӯз таърихи бедор ва дар айни замон нишонаи равшани бедории таърихи миллати мо мебошад, ки аз замони Ҷамшеди Пешдодӣ шурӯъ мегардад. Наврӯз – нахустин рӯзи фарвардин - моҳи аввалини солшумории шамсӣ ва аз ин сабаб сари сол ва пешонии сол буда, аз қаъри ҳазорсолаҳо бо ойину суннатҳои неку писандидааш ҳамчун ёдгори ҷовидонаи ниёгони ориёиамон то рӯзгори мо расидааст.

Зеро он дар баробари ин, ки оғози эҳёи табиат, айёми эътидоли баҳорӣ, рӯзи фарорасии соли нав ва оғози корҳои кишоварзӣ мебошад, инчунин масъалаҳои маърифатию фалсафӣ, ҷаҳоншиносӣ, арзишҳои волои ахлоқӣ, покиву порсоӣ, некиву накӯкорӣ ва адлу ростиро низ дарбар мегирад.

Зикр шуд, ки беҳтарин дастоварду хушбахтии инсон дар фазои сулҳу субот бо ёру бародарон зистан мебошад. Бузургони илму адаби мо ҳамин дўстиву ҳамбастагӣ, ифтихори милливу ватандорӣ, хештаншиносӣ ва расидан ба қадри сулҳу субот ва оромиву осоишро ҳамеша васфу ситоиш кардаанд. Мо ҳам бояд шукрона кунем, ки имрўз дар фазои озод, дар мамлакати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил бузургтарин ҷашни аҷдодиамон - Наврўзро таҷлил менамоем.

Ҷавҳар ва ҳикмати Наврӯз илова бар арзишҳои зикршуда ҳамчунин ифодагари ормонҳои муқаддас ва неки миллӣ, аз қабили эҳсоси гарми муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватанпарастии мардуми мо мебошад.

Аҳли фарханги шахр бо оростани хони наврўзӣ, намоиши дастовардҳо, пухтани сумалак, барномаи рангини наврўзӣ аҳли нишастро шоду масрур намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд