(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДаҳаи дуюми моҳи феврал соли равон даври муқаддамотии Олимпиадаи бонуфузи “ISTEM” тариқи фосилавӣ аз фанни математика бо забони англисӣ баргузор гардид, ки дар он 48 нафар хонандагони болаёқати МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби кумитаи тадорукоти озмун натиҷаи бадастовардаи хонанадагони болаёқат расман эълон гардид.

Тибқи иттилоъи директори МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Негматова дар натиҷаи ҷамъбасти даври муқадамотии озмун ба 28 нафар хонандагони ин боргоҳи таълимӣ муяссар гардид, ба даври финалии озмун, ки 19-24 июли соли равон дар шаҳри Франкфурти кишвари Олмон баргузор мегардад роҳхат ба даст оваранд ва онҳо ҷиҳати иштирок ба даври финалии озмун сафарбар карда шуда, шарафи кишварро дар ин олимпиадаи бонуфузи байналмиллалӣ ҳифз хоҳанд намуд. Қайд гардид, ки дар олимпиадаи мазкур беш аз 8000 нафар хонандагон аз 96 давлати дунё иштирок меварзанд.

Ба иттилоъи маъмурияти мусссиса дар соли хониши 2021-2022 хонандагони Литсей бори саввум аст, ки тариқи ҳузури дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ иштирок мекунанд. Бо хуруҷи бемориҳои сироятӣ аксари олимпиадаҳои байналмиллалӣ тариқи фосилавӣ баргузор мегардид, бо хуб шудани вазъияти пандемикӣ хонандагон имкон пайдо намуданд, бевосита дар олимпиадаҳо сафарбар карда шуда, кишвари Точикистонро шоиста муаррифӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки баъди беҳтар шудани вазъи пандемикӣ нахустин бор хонандагони Литсей тариқи ҳузурӣ дар олимпиадаи ҷаҳонии "Дониш"- и кишвари Туркия иштирок намуда, рекорди олимпиадаи мазкурро гузоштанд(ба даст овардани 100 хол аз 100 холи имконпазир) ва моҳи январи соли ҷорӣ дар олимпиадаи "Коперникус" дар шаҳри Техаси кишвари Амрико 6 нафар хонандагони Литсей ҳузурӣ иштирок намуда, ҷоми даставиаро аз фанни физика ба даст оварда, сохиби 6 медали нуқра ва биринҷиӣ гардида буданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд