(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСанаи 5 -уми марти соли равон даври байналмилалии Олимпиадаи бонуфузи “FISO” тариқи фосилавӣ аз фанҳои: математика, табиатшиносӣ, забони англисӣ ва санъати тасвирӣ баргузор гардида буд. Ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби кумитаи тадорукоти озмун натиҷаи бадастовардаи хонанадагони болаёқат расман эълон гардид.

Тибқи иттилоъи директори МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Негматова дар натиҷаи ҷамъбасти даври финалии озмун ба хонандагони ин боргоҳи таълимӣ муяссар гардид, ки 171 медалҳои тилло, нуқра, биринҷӣ ва ифтихориро дар ин олимпиадаи бонуфуз ба даст оварданд, ки ин натиҷаи беҳтарин ба шумор меравад. Қайд гардид, ки дар олимпиадаи мазкур 4000 нафар хонандагон аз 26 давлат иштирок варзиданд. Хонандагони Литсей дар 7 гуруҳи синну солӣ бо маҳорати баланд иштирок намуда, аксари ҷойҳоро аз фанни математика ва забони англисӣ ба даст оварданд.

Лозим ба таъкид аст, ки танҳо дар 7 моҳи соли хониши 2021-2022 ба хонандагони ин боргоҳи таълимӣ муяссар гардид, ки дар олимпиадаҳои фаннӣ ва забономӯзӣ дар кишварҳои Англия, Таиланд, Малайзия, Туркия, Руссия, Чин, Амрико, Фаронса, Италия, Ҳиндустон иштирок намуда, 313 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷиро ба даст оварданд.

Хонандагони МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд дар соли хониши 2021-2022 дар олимпиадаҳои бонуфузи ҷаҳонии "Дониш" ва "Коперникус" дар кишварҳои Туркия ва Амрико ҳузури иштирок намуда, ба дастовардҳои беназир соҳиб гардиданд.

Тибқи иттилоъи маъмурияти Литсей ҳоло дар ҳаракати олимпии муассиса беш аз 250 нафар хонандагон шомил буда, айни ҳол боз 42 нафар хонандагони Литсей ҷиҳати иштироки ҳузурӣ дар олимпиадаи байналмиллалӣ дар кишварҳои Англия ва Олмон омодагӣ дида истодаанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд