(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади шиносоӣ аз раванди фаъолияти истеҳсолии маҳсулоти хўрока аз якчанд корхонаҳои саноатии шаҳр боздид намуд.

Раиси шаҳр нахуст бо фаъолияти корхонаи коркарди равғани ҶДММ "ЗирвЭко" шинос шуд. Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдумубин Абдушукуров таъсис дода шуда, дар он дар як шабонарӯз то 30 тонна равғани растанӣ коркард мешавад. Равғани хоми офтобпараст, пахта, рапс ва соя аз корхонаҳои равғанкашии ватанӣ ва инчунин аз хориҷи мамлакат ба ин корхона дастрас гардида, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон дар 7 марҳила ва дар шароити пӯшида поксозӣ карда мешавад. Дар натиҷаи полоиши чандкарата равғани безарар, баландсифат ва ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ омода карда мешавад. Дар корхонаи муосири ҶДММ "ЗирвЭко" 40 нафар сокини маҳалӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Барои нигоҳдории равған дар саҳни корхона ва инчунин дохили бинои асосӣ зарфҳои махсуси ба ҳама ҳолат тобовар гузошта шудааст, ки ҳаҷми умумии ғунҷоиши онҳо ба 400 тонна баробар мебошад. Баъди коркарди пурра равғани растанӣ бо тамғаи "Олия" ва "Софӣ" дар ҳаҷми аз 0,5 то 5 литр банду баст мешавад.

Маҳсулоти корхона асосан дар бозори дохилӣ ба фурӯш гузошта шуда, ҳамчунин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот мешавад.

Дар анбори корхона дар ҳаҷми 25 тонна равған ва 3000 тонна ашёи хом захира шудааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода таъкид дошт, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар ин бобат баҳри расидан ба мақсадҳое, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Дар ин давра барои расидан ба ин мақсад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла даҳҳо барномаҳои давлатӣ қабулу амалӣ гардида, дар оғози соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин фурсат заминҳои деҳқонӣ, ки бо номи заминҳои президентӣ машҳуранд, ба аҳолии кишвар дода шуданд. Соҳибкорони ватанӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо истифода аз имтиёзоти Давлату Ҳукумат дар заминҳои икшоварзӣ маҳсулоти ғалладона ва дигар зироатҳоро кишт намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд