(1 овоз, миёна 4.00 аз 5)

altТаҳти чунин унвон дар МТМУ №22-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки аҳли хонандагон ва омӯзгорон Наврўзи байналмилал таҷлил карда шуд.

Рамзи Наврўз, дастархони наврўзӣ, Баҳор, Деҳқон ба маърази тамошо гузошта шуда, доир ба хусусиятҳои Наврўз, қадимию тоҷикона будани он, ифтихор аз ватандорӣ, Тоҷикистон Ватани Наврўз будан бо ҳисси баланд ифода ёфта, хонандагон дар васфи он шеъру суруд ва таронаҳо қироат намуданд. Байтбараки наврўзӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Сурайё Каримова, директори МТМУ №22-и шаҳри Хуҷанд ҳамагонро бо ҷашни Наврўз табрик намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мо бояд шукрона кунем, ки имрўз дар фазои озод, дар мамлакати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил бузургтарин ҷашни аҷдодиамон - Наврўзро таҷлил менамоем. Ҳоло мардуми Тоҷикистон ба ифтихори боз ба ду ҷашни муборак ва муқаддаси кишвари озоду соҳибистиқлоламон – бисту панҷумин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 30 солагии Иҷлосияи таърихӣ омодагӣ мегирад.

Барои истиқболи арзандаи он ба ҳар як фарди бонангу номус зарур аст, ки бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ҳар рўзро пурсамар истифода бурда, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани хонаву кошона ва маҳалли зисти худро вусъат бахшад, инчунин дар раванди созандагиву ободонии Ватани аҷдодиамон ва то ин санаи таърихӣ ба анҷом расонидани бунёди иншооти ҷашнӣ ва дигар нақшаҳои неки қабулгардида ва ҳамзамон донишу интизоми намунавӣ саҳми ватандўстона гузорад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд