(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар ширхоргоҳ-кӯдакистони №25-и шаҳри Хуҷанд ба истиқболи Ҷашни Наврӯзи байналмилал озмуни «Мураббияи моҳир» ташкил ва гузаронида шуд. Дар он ҳашт нафар мураббиёни кӯдакистон мазкур иштирок ва рӯйи чор шарт: ҳисоботи эҷодии касбӣ, қироати шеър дар васфи модар, ҳунарҳои дастии мураббиён ва кадбонуи беҳтарин бо ҳам рақобат намуданд.

Мураббиён бо маҳорати баланд ва малакаи кордонӣ маҳорати хешро нишон доданд.

Мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №25 –и шаҳри Хуҷанд Муяссара Валиева ҳамагонро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки омад-омади Наврўз, ки айёми умеду орзуҳои наҷиб мебошад, табиат баъди фасли сармо аз нав зинда мешавад, кишоварз ба замин донаи умед мекорад. Хуршеди пурҳарорати наврўзӣ ба хонадон ва қалби ҳар яки мо нуру зиё мебахшад ва дар қалбҳои мо эҳсоси самимии накўкорӣ ва созандагиро бедор мекунад. Бузургони илму адаби мо ҳамин дўстиву ҳамбастагӣ, ифтихори милливу ватандорӣ, хештаншиносӣ ва расидан ба қадри сулҳу субот ва оромиву осоишро ҳамеша васфу ситоиш кардаанд. Мо ҳам бояд шукрона кунем, ки имрўз дар фазои озод, дар мамлакати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил бузургтарин ҷашни аҷдодиамон - Наврўзро таҷлил менамоем.

Муяссара Валиева таъкид дошт, ки ҳадаф аз гузаронидани чунин озмунҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи донишҳои назариявӣ ва амалии муарббияҳо ва такмили маҳорати касбии онҳо мебошад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд