(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла Хуҷандшаҳри бостонӣ фарорасии ҷашни Наврӯзро самимона табрик мегӯям. Орзумандам, ки ин ҷашни байналмилалӣ ба сарзамини хуршедии Тоҷикистони соҳибистиқлол нишоту сарсабзӣ, осоишу ободӣ, нерӯи созандаву офаранда ва баракату фаровонӣ ҳадя меоварад.

Наврўз дар таърихи миллати мо чун оинаест, ки гирудори аҷнабиёни соҳибқудрат ва сарнавишти халқи ҷафокашидаи тоҷикро таҷассум менамояд.

Фарзандони бузурги миллати мо, сарфи назар аз ҳангомаҳои мазҳабӣ ва гирумони меҳробу минбар, дар ҳама давру замон қадру қиммати забони шевои модарӣ, суннату оинҳои наҷиби аҷдодӣ, илму фарҳанги оламгир ва шеъру ҳикмати ибратомўзро пос дошта, аз насл ба насл расонидаанд.

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ Наврӯз – ҷашни ниёгони соҳибфарҳанги мо эҳё гардида, мазмуну моҳияти нав пайдо карда, ҳоло ба яке аз беҳтарин ойинҳои мардуми мамлакат табдил ёфтааст.

Дар кишвари соҳибистиқлоли мо солҳои охир ба истиқболи ин ҷашни фархунда баробари иҷрои суннатҳои он, инчунин, вусъат додани корҳои созандаву ободгарона, сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои иҷтимоӣ – мактабу кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, бунёди боғҳо, корхонаҳои истеҳсоливу роҳҳо ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо ба ҳукми анъанаи нек даромадааст.

Боиси қаноатмандист, ки сокинони Хуҷандшаҳр, хусусан, соҳибкорони бонангу номус масъулияти хешро дар роҳи ободии Ватан ба хубӣ дарк кардаанд ва дар ин самт фаъолияти густурдаро ба роҳ мондаанд.

Мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои озод, дар кишвари соҳибихтиёру обод Наврӯзро таҷлил менамоем.

Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд.

Итминон дорем, ки ҷашни Наврӯз ҳамчун пайвандгари дирӯзу имрӯз, таҷассумгари суннатҳои неки ниёгон ва мероси нодири аҷдодамон барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонони ояндасози мо ба сифати арзиши бебаҳои маънавӣ хизмат намояд.

Бигзор, Наврӯз ба ҳар як хонадони мардуми мо, кулли тоҷикони ҷаҳон ва ҳамаи халқу миллатҳои олам паёми бахту саодат ва сулҳу субот оварад.

Бо ибрози нияту орзуҳои нек, бори дигар кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамшаҳриёни азизро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи Аҷам самимона муборакбод намуда, ба ҳар яки шумо хонаи обод, иқболи нек, зиндагии орому осуда ва ба Тоҷикистони маҳбубамон Наврӯзи ҷовидонӣ ва сулҳу суботи комил таманно дорам.

Наврўзатон фархундаву муборак бод, ҳамшаҳриёни гиромӣ!