(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо аҳли маҳаллаи «Сирдарё»-и шаҳр тантанаҳои идонаи Наврўзи байналмилал ҷашн гирифта шуд.

Азаматхуҷа Воҳидов сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ҳозиринро бо ҷашни умумимиллии Наврўз табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки Наврӯз ва дигар оину суннатҳои миллии мо маҳз ба шарофати сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё шудаанд. Воқеан ҳам Наврўз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рўзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рўзгори кўҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба тан мекунад ва дар рўҳу ҷони одамон гардише падид меояд. Иди Наврўзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукўҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврўз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рўзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рўҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рўзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад.

Наврўзи байналмилал, ки дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад табрику таҳният намуда, таъкид дошт, ки Наврўз ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтору кирдори нек ва дўстиву ҳамкории халқҳо моро боз сўи рўзгори бехушунат, сулҳу субот ва кўшиш барои зиндагии орому осуда раҳнамоӣ мекунад.

Мувофиқи анъанаҳои неки наврўзӣ бо фарорасии фасли баҳор дар ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон айёми кишту кор ва дигар корҳои ободонӣ, шинонидани ниҳолу гулбуттаҳо, тоза кардани наҳру ҷўйҳо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, оростани кўчаву хиёбонҳо ва намуди идона бахшидан ба шаҳру маҳаллаҳо оғоз мегардад. Идома бахшидан ба ин суннатҳои неки аҷдодӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, таблиғи меҳнату зиндагии солим, густариши рафтору ахлоқи ҳамида, бузургдошти анъанаҳои неки ниёгон, фарҳангпарастиву худшиносӣ, ватандўстиву ифтихори миллӣ ва пешрафту шукуфоии кишвари азизамон мусоидат мекунад.

Сипас барномаи фарҳангии кормандони Маркази назоарти давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳунармандони маъруфи шаҳру вилоят ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд