(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни як боздид аз ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар қаламрави шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла аз Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, майдонҳои ҳудуди он ва рафти корҳои таъмиру барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд аз наздик шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва майдонҳои ҳудуди он бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҷдид гардида, бо талаботи замон мувофиқ гардонида шуда истодааст. Айни замон ороишгарону устоҳо корҳои пардозгариву рангдиҳиро иҷро намуда, насби курсиҳо ҷараён дорад. Дар гирду майдонҳои атрофи бинои театр низ корҳои ободониву хуррамгардонӣ роҳандозӣ шуда, чароғпояҳои замонавӣ ва дарахтони сояафкан насб ва шинонида шудааст. Саҳни бино пурра сафолакпӯш шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмончиён ва масъулини театр ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои таъмирӣ ва зебахшии саҳнаи он дастур супоришҳо дод.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади ҳифзи ёдгориҳои қадимаву таърихӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҷдиду барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд бомаром ҷараён дорад. Дар корҳои азнавсозии иншооти қадима гуруҳи лоиҳакашон ва мутахассисони Вазорати фарҳанг, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, олимону бостоншиносон ширкат варзида, дар минтақаҳои алоҳидаи қалъа ковишҳои бостоншиносӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.

Ба корҳои сохтмонӣ садҳо нафар мутахассисону сохтмончиён, устоҳои халқӣ, ҳунармандону рассомон, ороишгарону кулолгарон ва кандакорон ҷалб гардида, қалъа бо нигоҳ доштани асосу унсурҳои таърихӣ таҷдид хоҳад шуд.

Баъди шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ Раиси вилоят ба масъулин барои иҷрои босифати корҳо ва дар муҳлати муқарраршуда омода сохтани иншоот супоришҳои мушаххас дод.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд