(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар тамоми муассисаҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Ҷашни Наврўзи байналмилал тантанаҳои наврўзӣ баргуор гардид.

Дар Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд низ ҷашни Наврўз ботантана таҷлил карда шуд.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ва Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд шодишарики бошандагони Марказ гардида, чанде аз онҳоро аёдат ва туҳфаҳои наврўзӣ такдим доштанд.

Ҳамзамон дар толори муассиса базми хонадоршавии ду нафар бошандагони ин муассисаи иҷтимоӣ: Хуршеда Холматова ва Зарифҷон Расулов хеле пуршукуҳ гузашт.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд, онҳоро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода табрику муборакбод намуда, барояшон бахту толеи накӯ орзу намуд.

Таъкид шуд, ки Наврўз бузургтарин ҷашни миллии мардуми ориёӣ, оғози соли нави шамсӣ, пайвандгари инсону табиат, мавсими кишту кори баҳорӣ ва аз нигоҳи илмӣ дақиқтарин мизони баробаршавии шабу рўз, яъне эътидоли баҳорӣ аст, ки онро ҳанўз Умари Хайём ҳазор сол пеш аз ин дар тақвими солшумории хуршедии худ исбот карда буд. Наврўз оини бостонии таровату покӣ, мунодии сулҳу оштӣ ва ҷашни ҳумоюни байналмилалӣ ва ваҳдату ҳамбастагии башарият буда, таърихи беш аз чандҳазорсола дорад ва аз қаъри асрҳои зиёд аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст.

Гузаштагони тамаддунсозу фарҳангии мо - тоҷикон аз замонҳои қадим ҷашнҳои бузурги Наврўз, Тиргон, Меҳргон ва Садаро бо риояи расму анъанаҳои куҳан таҷлил менамуданд.

Суннату таомулҳои неку писандидаи Навруз ин аз кинаву кудурат пок кардани дилҳо, бахшидани гуноҳҳо, авфи якдигар, таҳким додани риштаҳои дўстиву рафоқат, аёдати пирону беморон, дастгирии ятимону маъюбон, мўҳтоҷону эҳтиёҷмандон, инчунин афрўхтани гулхани наврўзӣ, густурдани ҳафтхони наврўзӣ, шинонидани ниҳол, ҷуфтбаророн, пошидани донаи умед, баргузор кардани мусобиқаҳои паҳлавонӣ ва таконидани ҷиҳозу асбоби хона имрўз ба шарофати ҷаҳонӣ шудани Наврўз моҳияти худро дубора эҳё намуда, ба фарҳангу маданияти халқҳои гуногуни олам таҳвил меёбанд.

Аҳли бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд, муҳассилини Мактаби санъати бачагонаи № 3-и ба номи Наримон Бақозодаи шаҳри Хуҷанд ва санъаткорони варзидаи шаҳр ба базми наврўзии навхонадорон шукуҳу шаҳомати нав бахшиданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд