(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар МТМУҒ –и «Гулчини маърифат» бо мақсади рушди тафаккури техникии насли наврас, тақвияти донишҳои илмҳои дақиқ дар партави амалинамоии нуктаҳои «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2020-2040» бо баргузории дарсҳои кушоду намунавӣ тадбирҳои муассир роҳандозӣ карда мешаванд, ки бо ҳадафи андӯхти таҷриба ва баҳрабардорӣ дар он омӯзгорони фаннии тамоми макотиби шаҳр фаъолона иштирок менамоянд.

Дарси кушоде, ки аз ҷониби омўзгори ҷавону навовар Малоҳат Ҳасанова аз фанни табиатшиносӣ дар мавзуи «Формы поверхности земли» гузаронида шуд, аз ҷумлаи дарсҳои хеле ҷолибу рангин ва шавқовар буд. Дар машғулият оид ба замин, тозаву озода доштани муҳити зист зарбумасалу мақолҳо аз ҷониби хонандагон баён гардид. Мавзуи нав бо тариқи тахтаи электронӣ, истифодаи бозиҳои дидактикӣ, саволу ҷавоб ба воситаи варақаҳои фардии шавқовар, супоришоту ҷобагузории расмҳои бурида, ёфтани чистонҳои илмӣ, шарҳи аломатҳои шароит ба ҳифзи муҳити зист ва дигар усулҳои фаъоли таълим гузаронида шуд.

Дарс бо дигар фанҳо, аз ҷумла адабиёт, санъати тасвирӣ, география, забони модарӣ ва ғайраҳо алоқаманд карда шуд.

Машғулияти кушоди дигар аз ҷониби омўзгори синфҳои ибтидоӣ Маъсума Атохўҷаева дар синфи 3-юм гузаронида шуд, ки мавзуи он «Ёфтани тақсимшавандаи номаълум» ном дошт. Дарс бо ба ҷой овардани одоби муошират оғоз гардида, сипас аз хонандагон оид ба мавзуъҳои гузашта блитс-пурсиш гузаронида шуд. Хонандагон ба ду гуруҳ ҷудо шуда, якчанд супоришоти таълимиро ба воситаи кори гуруҳӣ иҷро карда тавонистанд. Омўзгор дар ҷараёни машғулият аз васоити техникаи таълимӣ, тахтаи электронӣ, аёниятҳои гуногуни зебову диққатҷалбкунандаи таълимӣ пурсамар истифода бурд.

Аз фанни технологияи иттилоотӣ омўзгор Хуршед Ғаффоров дар синфи 7-ум дарси хеле ҷолиб гузаронид, ки мавзуи он «Шиносоӣ бо барномаи Экзел» ном дошт. Дарс бо асосҳои илмӣ такя гардида, хеле ҷолиби диққат, шавқовару дастраси толибилмон карда шуд. Хонандагон мустақилона дар компютерҳои фардӣ бо барномаи мазкур якчанд мисолу масъалаҳоро ҳаллу фасл намуданд. Таъкид шуд, ки барномаи мазкур дар пеш бурдани фаъолияти хоҷагидории тамоми соҳаҳо муфид буда, азбарнамоии он ба манфиати ҳамагон аст.

Муаррифии презентатсияҳо аз ҷониби гуруҳҳо, кори дунафара, кор бо варақаҳои фардӣ, ҳали ребусҳо, видеоролик, иҷроияи супоришот ба воситаи тахтаи электронӣ, муаммогузорӣ дарсро рангину шавқовар ва дастраси мухассилин гардонид.

Дар анҷоми машғулиятҳо ва зимни таҳлилу барррасии он директори муассиса Матлуба Муинова ба сатҳи баргузории онҳо баҳои баланд дода, ташкили чунин дарсҳоро талаби замон унвон намуда, таъкид дошт, ки мо бояд дар оянда баҳри тарбияву ба камолрасонии наврасону ҷавонони мусаллаҳ бо донишҳои замони муосир кўшиш намоем, зеро дар раванди ҷаҳонишавӣ шогирдони мо ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ бошанд ва ватану миллати хешро дар гӯшаву канори дунё муаррифӣ кунанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд