(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо садо додаи Суруди миллӣ иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум оғоз гардид.

Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, ки дар кори иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, вакилони шаҳрӣ, муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, раисони маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр даъват шудаанд ва дар толор ҳозиранд.

Вакилон баъди интихои котибот ва тасдиқи рӯзномаи ба кори иҷлосия оғоз бахшиданд.

Сипас аз руйи масъулаи якуми рўзнома роҷеъ ба “Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, № 427 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040” дар шаҳри Хуҷанд муовини Раиси шаҳр, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Дўстӣ, № 25 Фирўза Нуруллозода маърӯза намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки мутобиқи нақша-чорабиниҳо тамоми макотиби шаҳри Хуҷанд бо кабинетҳои фаннӣ таъмин ва бо компутеру тахтаҳои электронӣ таҷҳизонида шуданд. То ба имрӯз дар муассисаҳои таълимии шаҳр 593 адад компютер, 143 адад тахтаҳои электронӣ ва дигар лавозимоти техникӣ мавҷуд буда, танҳо дар соли 2021 43 адад кабинетҳои нави фаннӣ таҷҳизонида шуданд. Бо мақсади фарогирии омӯзгорон баҳри корбарӣ бо комютер 480 нафар аз курси бозомӯзӣ гузаронида шуданд.

Вобаста ба муҷаҳҳазгардонии соҳа барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 168 адад компютер ва 42 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шудааст. 23 адад муассисаҳои таълимӣ бо китобхонаи электронӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Дар олимпиадаҳои гуногуни фаннии вилоятӣ барои синфҳои 5-11 99 нафар ва ҷумҳуриявӣ 90 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, лоиҳавӣ, фосилавӣ 762 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ барои гирифтани 16 ҷойи ифтихорӣ, лоиҳавӣ ва фосилавӣ - 271 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Дар соли таҳсили 2020-2021 12 нафар хонандагон бо аттестати аъло ва медали тиллою нуқра муассисаҳои таълимии шаҳрро хатм карданд.

Хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии «Гимназияи Гёте» барои гирифтани идрорпулии (DAAD) хадамоти мубодилаи омўзгорон ва хонандагоне, ки забони немисиро меомўзанд ва идрорпулии байналмилалии Виадрина Фаст сазовор шуданд.

Дар 13-умин олимпиадаи байналмилалии дониш- 2021 - 18 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ба гирифтани 1 медали тилло, 1 медали нуқра, 5 медали биринҷӣ ва 11 медали даставии нуқра ва Ҷоми Олимпиадаи байналмилалии Анталия-2021 сазовор гардиданд.

Дар соли таҳсили 2021-2022 73 нафар гирандагони Стипендияи Президентӣ ва 100 нафар гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр мебошанд.

Дар музокираи масъалаи мазкур раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Масҷиди Савр, №3– Моҳира Азимова баромад намуда, андешаҳои хешро баён дошт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир ба масъалаи мазкур аз масъулини дахлдор пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва ҷалби бештари хонандагон ба омўзиши фанҳои дақиқ фаъолияти маҳфилҳои илмӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр дастурҳои мушаххас дод. Таъкид шуд, ки Комиссияи доимӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омўзгорон, такмили ихтисосу бозомўзӣ ва тарбияи омўзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгўй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Дар баррасии масъалаи дуюми рўзнома «Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои пешгирии хушунат дар оила» аз ҷониби раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои пешгирии хушунат дар оила, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Хуросон, № 29 Манучеҳра Кенҷазодаа ҳисоботи муфассал манзур намуд.

Зимни музокираи он Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масъулини дахлдор, аз ҷумла шуъбаи кор бо занон ва оила, САҲШ, маҳаллаҳо ва дигарон барои ба муросо овардани оилаҳои ноустувор, раҳнамоӣ барои ба ҳаёти осуда, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, сўиқасд ба ҷон ва даст ба худкушӣ задани занону духтарон, аз байн бурдани тақлидкориву бегонапарастӣ, сарулибоси бегона ва анъанаҳои номатлуб ва ғайра супоришҳо дод. Сипас вакилон «Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Суғдиён №31” Маҳфуза Набиҷонова оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ» шуниданд. Зимни баррасии масъалаи дигари рўзнома «Дар бораи ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум» аъзоёни комиссия дар ҳайати 11 нафар муаррифӣ ва вазифагузорӣ карда шуданд.

Дар ҷараёни иҷлосия вакилон якчанд қарорҳои Раиси шаҳрро баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ доир ба мавзуъҳои баррасишудаи иҷлосия андешаҳои хешро баён дошт.

Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ба кори иҷлосия ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми имсолаашон аз 21 декабри соли 2021 қайд карданд, ки “Роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар давоми сӣ соли гузашта, инчунин, дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, як нуктаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд: мардуми шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрўи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд”.

Бинобар ин бояд ҳар яки мо фаъолу ташаббускору ташкилотчӣ бошему ба хотири ободии Ватан, рушди давлат аҳлона заҳмат кашида, дар вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободониву созандагӣ дар ҳавзаҳои интихоботии худ ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар маҳалҳо саҳми содиқонаву ватандўстона гузорем.

Шаҳрдор изҳори умедворӣ намуд, ки мардуми Хуҷандшаҳр барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру вазифагузориҳои Раиси вилоят, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бо амри дил иқдом намуда, тамоми саъю талоши ватандўстонаамонро дар самти татбиқи иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат оид ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ободиву созандагии Ватан сафарбар менамоем.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд