(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altИмрўз бахшида ба Ҷашни Наврўзи байналмилал дар Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд базми хонадоршавии ду нафар бошандагони ин муассисаи иҷтимоӣ: Хуршеда Холматова ва Зарифҷон Расулов хеле пуршукуҳ гузашт.

Дар маросими хонадоршавии ин ҷавонон Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ва Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, онҳоро табрику муборакбод намуда, барояш бахту толеи накӯ орзу намуданд.

Аҳли бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд, муҳассилини Мактаби санъати бачагонаи № 3-и ба номи Наримон Бақозодаи шаҳри Хуҷанд ва санъаткорони варзидаи шаҳр ба базми ҷамшедии навхонадорон шукуҳу шаҳомати нав бахшиданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд