(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд бо мақсади истиқболи сазвори Ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабиниҳои идона оғоз гардиданд. Дар маҳаллаи "Навбаҳор" чорабинии идона баргузор гардид, ки ба дили сокинон сурур ва шодмониҳо бахшид.

Таъкид гардид, ки аҷдоди соҳибфарҳанги мо дар таърихи беш аз панҷҳазорсолаи Наврӯз онро ҳамчун суннати муқаддасу муборак аз насл ба насл мерос гузошта, бо ҳама рангорангиву рӯҳи зиндагисозаш гиромӣ доштаанд ва барои пойдории он талош варзидаанд. Русуму ойинҳои зиндагисози ин ҷашн дар заминаи тамаддуни қадимаи моддиву маънавии мардуми мо инкишоф ёфта, бо мурури замон ба одобу суннатҳои мардумиву фарҳангии халқу миллатҳои гуногуни сайёра роҳ ёфта, аҳли башарро ба сӯи арзишҳои олӣ, камолоти ахлоқӣ ва маънавӣ ҳидоят намудааст. Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадим Наврӯзро бо маросимҳои густурда ҷашн гирифта, дар он беҳтарин ҳунару истеъдод ва хислатҳои неки инсониро ба намоиш мегузоштанд.

Воқеан, мо иҷрои суннатҳои наврӯзиро ҳамчун ёдоварӣ аз фарҳанги пурғановати худ ва расму ойини зебои аҷдодиамон, ки рӯҳи поку созанда дорад, бо самимият ҷашн мегирем.

Дар шабу рӯзҳои ҷашни Наврӯз суннати аёдати хешу табор ва аз аҳволи эҳтиёҷмандон бохабар шуда, Наврӯзу баҳорро табрик намудан дар фарҳанги мардуми мо ҷойгоҳи муҳим дорад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд