(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаи шаҳри Хуҷанд аз рўи намуди баскетбол оғоз гардид.

Мусобиқа тибқи нақшаи чорабиниҳои якчояи Федератсияи баскетбол, шуъбаи маориф ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар он ҷавононписарон аз ҳисоби дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқа ин оммавӣ гардонидани варзиш, рушди намуди баскетбол ва ҷалби васеи омма, татбиқи барномаҳои маҳаллии соҳаи варзиш, пешгирии аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд