(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №5-и шаҳри Хуҷанд баҳри дар амали татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти нишондодҳои "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф барои солҳои 2020-2040», барномаҳои омўзиши забонҳои русӣ ва давлатӣ байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии шаҳр аз фанҳои математика, забони русӣ ва забони давлатӣ олимпиадаи фаннӣ ҷамъбаст гардид.

Дар даври ниҳоии олимпиада, ки дар МТМУ №5 баргузор гардид, 116 нафар ғолибони даври мактабӣ иштирок намуда, 78 нафар хонандагони синфҳои чаҳорум ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхўҷаева зимни натиҷагирӣ аз олимпиада таъкид намуд, ки ҳадафи асосии мо пеш аз ҳама баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимӣ ба ҳисобдонӣ, муайян намудани хушзеҳнӣ, қобилияти фикрронӣ, дараҷаи саводнокӣ, дарёфт намудани хонандагони қобилиятнок, тарғиби забони давлатӣ, таваҷҷуҳ ба забономўзӣ, ҷалб ва омода намудани хонандагони болаёқат барои иштирок дар олимпиадаҳо мебошад.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони олимпиадаи синфҳои ибтидоӣ диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд