(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altКормандону собиқадорони мақомоти прокуратура!

Басо рамзист, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 14 – март дар кишвари соҳибистиқлоламон ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура пазируфта шудааст.

Ба ин муносибат ҳамаи Шумо – кормандону собиқадоронро бо иди касбиатон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самимона шодбош гуфта, дар иҷрои рисолати пуршарафонаатон ба хотири таҳкими дастовардҳои даврони истиқлолият, рушди устувори давлат ва суботу оромии ҷомеа, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун барору комёбӣ таманно дорам.

Давлати демокративу ҳуқуқбунёд эътироф шудани Тоҷикистон, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў арзиши олӣ дошта, ин ҳуқуқу озодиҳо пайгирона татбиқу таъмин карда мешаванд, дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол мебошад.

Шоистаи зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷӯҳи махсус нисбат ба фаъолияти пурсамару натиҷабахши кормадони мақомоти прокуратура, ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ, таъкид доштанд: «Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошанд, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст».

Баҳри амалигардонии сиёсати дурбинона ва муваффақонаи Сарвари давлат бо кўшишҳои назаррас ва чораандешиҳои доимии Раиси вилоятамон Раҷаббой Аҳмадзода такмили фаъолияти мақомоти прокуратура, таъмини шароити мусоиди корӣ, беҳтар гардонидани шароити зиндагии кормандон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, онҳо зери таваҷҷӯҳу дастгирии мунтазам қарор доранд.

Бори дигар Шумоёнро бо ҷашни касбиатон – Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура табрик гуфта, дар адои хизмати пурмасъулиятатон ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз саломатию сарбаландӣ ва азму иродаи қавӣ орзу дорам.

Иди касбӣ муборак!