(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақша - чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар МТМУ20 машварати доимоамалкунандаи омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқ баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки машғулиятҳо баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои ироанамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ бо се забон баргузор гардид.

Омӯзгорон дар раванди дарсҳои худ кӯшиш карданд, ки хонандагон баробари донистани забони модарӣ забонҳои русӣ ва англисиро дар сатҳи зарурӣ ва пояи баланд аз худ намоянд. Ин имкон медиҳад, ки дониши хонандагон афзун шавад ва сатҳу сифати таълим боло бардошта шавад. Гузашта аз ин талаботи замони муосир аз ҳар як хонанда ва омӯзгор тақозо менамояд, ки дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ сайъ намоянд, то ин дар раванди ҷаҳонишавӣ муҳассилини босавод ва ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеаи муосир ба камол расанд.

Дар машварати доимоамалкунанда мушовири шуъбаи маориф Зулфӣ Умарова, маъмурияти МТМУ №20 ва омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, онро таҳлилу баррасӣ карданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд