(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки аҳли қалам чорабинии тантанавӣ бахшида ба 110 солагии Рўзи матбуоти тоҷик баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода намояндагони расонаҳои хабарӣ ва собиқадорони соҳаро бо Иди касбиашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон соҳаи матбуот ва васоити ахбори омма ба як ҷузъи асосии маънавият, инъикосгари воқеии ҳаёти ҷомеа ва як рукни муҳими сиёсӣ табдил ёфта, таваҷҷӯҳ нисбат ба ин соҳа бештар зоҳир карда мешавад. Ин аст, ки дар қаламрави мамлакат бо мақсади рӯ овардан ба таърихи матбуот, эътирофи қадри сухан чун нерӯи бузурги ҳидояткунандаи мардум ба сӯйи фардои пурсаодат, садоқат ба кору анъанаҳои поягузорони матбуоти тоҷик ҳамасола мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 11 март таҷлили Рӯзи матбуот, ки ба ифтихори нашри нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» пазируфта шудааст далели возеҳи таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин соҳа маҳсуб меёбад.

Дар марҳилаи кунунӣ матбуоти тоҷик тадриҷан рушду такомул ёфта, имрӯз ба хотири пешрафту шукуфоии диёри азизамон ва мардуми сарбаланди он софдилонаю содиқона хизмат менамояд. Рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умум маҳз аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеии ҳаводис ва баҳои ростин додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад. Имрӯз дар саросари кишвар даҳҳо рӯзномаю маҷаллаҳо ба табъ мерасанд, радиою телевизионҳо фазои итилоотиро пур намуда истодаанд.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки васоити ахбори омма қувваи пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, пуркунандаи фазои иттилоотӣ мебошад, ки бо ахбори тозаву созанда ҳамеша ҳамраҳу ҳамқадами ҷомеа хоҳад буд. Дар замони муосир ва раванди босуръату зудтағирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои олам, намояндагони васоити ахбори оммаро зарур аст барои ба мардум ба таври фаврӣ расондани руйдоду воқеаҳо фаъол бошанд. Бо истифода аз тамоми шароити моддию техникӣ ва неруи зеҳнӣ бо таҳияи барномаҳои ҳадафрас бинанда, хонанда ва шунавандаи худро аз вазъи ҷаҳон, огоҳ созанд. Ба хотири ҳифзи амну субот ва ваҳдату ягонагии мардум, инчунин эмин нигоҳ доштан аз таъсири манфии беруна, барномаҳои нишонрас таҳия карда шавад. Зимни суханрониҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки “Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои пур кардани фазои иттилоотӣ, бо иттилоъ ва фароғат ғанӣ гардонидани мардум шабакаҳои нави давлатии телевизион ва радиоро таъсис дода шуда, роҳбарият ва масъулини соҳаи телевизиону радио вазифадор гардидаанд, ки бо истифода аз тамоми имкону шароити мусоид ва рӯзноманигорони варзида барномаҳои баландмазмун баҳри тарғиби табиати кишвар, неъматҳои моддию маънавӣ ва дигар дастовардҳои мардумро васеъ инъикос намоянд. Намояндагони васоити ахбори омма бояд ба мардум, бинанда, шунаванда ва хонандаи худ мазмуну муҳтавои воқеии руйдодҳоро расонанд. Дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастуру супоришҳои Ҳукумат саҳмгузор бошанд”.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода изҳори умедворӣ намуд, ки аҳли эҷод бо дарки масъулияти баланд ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакатро дар раванди пешравиҳои беназир воқеъбинона ба қалам дода, дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ғояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода саҳмгузорӣ намуда, бо истифода аз нерӯи сухан мардумро ба созандагию бунёдкорӣ ҳидоят менамоянд.

Сипас аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор намояндагони расонаҳои хабарӣ, собиқадорони соҳа ва аҳли эҷоду техникии рўзномаи “Тирози ҷаҳон” Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Собиқадори матбуот Абдулмаҷиди Бобоҷониён ва намояндаи рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар вилояти Суғд Ҷовиди Аштӣ барои таваҷҷуҳ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори миннатдорӣ намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд