(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altРисолати аҳли қалам аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеии ҳаводис ва баҳои ростин додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад.

Рӯзноманигорон ва собиқадорону кормандони муҳтарами соҳаи матбуот!

Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон соҳаи матбуот ва васоити ахбори омма ба як ҷузъи асосии маънавият, инъикосгари воқеии ҳаёти ҷомеа ва як рукни муҳими сиёсӣ табдил ёфта, таваҷҷӯҳ нисбат ба ин соҳа бештар зоҳир карда мешавад. Ин аст, ки дар қаламрави мамлакат бо мақсади рӯ овардан ба таърихи матбуот, эътирофи қадри сухан чун нерӯи бузурги ҳидояткунандаи мардум ба сӯйи фардои пурсаодат, садоқат ба кору анъанаҳои поягузорони матбуоти тоҷик ҳамасола мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 11 март таҷлили Рӯзи матбуот, ки ба ифтихори нашри нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» пазируфта шудааст далели возеҳи таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин соҳа маҳсуб меёбад.

Ба ин муносибат ҳамаи Шумо – муҳтарам кормандон, собиқадорону алоқамандони соҳаи матбуот ва аҳли қаламу суханро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрику муборакбод намуда, бароятон тандурустии ҷовидона, саодати рӯзгор, дастовардҳои эҷодӣ ва дар фаъолияти минбаъдаатон ба хотири ғановати фазои иттилоотӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҳидояти мардум ба меҳнати созанда ба хотири пешвози сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ – 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо орзу менамоям.

Дар марҳилаи кунунӣ матбуоти тоҷик тадриҷан рушду такомул ёфта, имрӯз ба хотири пешрафту шукуфоии диёри азизамон ва мардуми сарбалнди он софдилонаю содиқона хизмат менамояд. Рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умум маҳз аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеии ҳаводис ва баҳои ростин додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад. Имрӯз дар саросари кишвар даҳҳо рӯзномаю маҷаллаҳо ба табъ мерасанд, радиою телевизионҳо фазои итилоотиро пур намуда истодаанд.

Васоити ахбори омма қувваи пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, пуркунандаи фазои иттилоотӣ мебошад, ки бо ахбори тозаву созанда ҳамеша ҳамраҳу ҳамқадами ҷомеа хоҳад буд.

Итминони комил дорам, ки аҳли эҷод бо дарки масъулияти баланд ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакатро дар раванди пешравиҳои беназир воқеъбинона ба қалам дода, дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ғояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ намуда, бо истифода аз нерӯи сухан мардумро ба созандагию бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.

Дар ин лаҳзаҳои идона бори дигар ба кулли кормандони нашрияву рӯзномаҳо, ноширону собиқадорони соҳа ва кулли алоқамандони матбуот Рӯзи матбуоти тоҷикро тоҷик таҳният гуфта, бароятон созандагони афкори умум саломатӣ, умри дароз ва комёбиҳои тозаи эҷодӣ орзу менамоям.

Иди касбӣ муборак бод, қаламкашони меҳан!