(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБа ифтихори ҷашни баҳору зебогӣ – Рӯзи Модар дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Муовини директор оид ба таълим Абдуқодир Акрамов аз номи Раёсати Донишкада бонувонро бо ҷашни Рӯзи Модар табрику намуда, баён дошт, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба маърифати занону духтарон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Чун зани маърифатнок метавонад бо заковату ҳушмандӣ на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошад, балки ҷомеаро тарбият намоянд. Занон дар ҷомеаи Тоҷикистон 50 фоизи аҳолиро ташкил карда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Айни ҳол дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар занону духтарони соҳибкасбу соҳибмаърифат дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ фаъолияти назаррас дошта, дар корҳои давлатӣ низ сол то сол шумораи онҳо меафзояд.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода зимни суханронӣ қайд кард, ки зиндагӣ собит кард, ки зан қудрат дорад, ки сиёсатмадори хуб, табиби ҳозиқ, омӯзгор - тарбиятгар, муҳандиси ботаҷриба, барномасози хушсалиқа ва модари ғамхор бошад. Хушбахтона, бонувоне, ки ба ин баҳо арзандаанд, дар байни устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд хеле зиёданд. Ҳар муаллима бо зебоӣ ва ҳусну малоҳат дар дили шогирдон маскани доимӣ доранд. Онҳо орзу мекунанд, мисли устодонашон хушсухан, дилгарм ба ҳаёт ва зебоӣ бошанд, ба камол расанду дар тарбияи маънавию ахлоқии насли ҷавон муваффақ гарданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён шеъру таронаҳо дар васфи Зан – Модар сароида шуд.

Ҳунармандони маъруфи вилоят, Аълочиёни фарҳанг Дилрабо Қурбонова ва Низомҷон Азимов бо сурудҳои марғуби хеш маҳфилро гарм намуданд.

Бо ҳамин чорабинии идона анҷом пазируфт.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд