(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ бо иқдоми маъмурият ва Кумитаи иттифоқи касабаи ин муассисаи таълимӣ маҳфили фарҳангӣ-бадеӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад» баргузор гардид.

Муяссара Қаҳҳорӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд номаи табрикотии Раиси шаҳр Фирдавс Шарфизодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Боиси ифтихор ва шоистаи зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон бо тантанаву шукӯҳи хосса ва дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст. Бо арҷгузории самимона ва эҳтирому эътиқоди баланд ба хираду заковат ва бузургии Шумо – модарону бонувони иззатманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Имрўз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову Шумо мебошад.»

Сипас директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Алимат Мавлонзода ва Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш бонувонро бо идашон табрику таҳният намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки зан-модар шахси муҳаддас аст. Ваҳте ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-Модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама ҳимоятгару азизтарин шахс, дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишҳи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад.

Ба якчанд нафар фаъолзанон Ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Барномаи фарҳангии аҳли устодону донишҷўён табъи ҳозиринро болида намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд