(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи шаҳри Хуҷанд аз рўи намуди волейбол байни бонувон ҷамбаст гардид.

Мусобиқа бахшида ба Рўзи Модар аз санаи 1 март сурат гирифта, дар он зиёда аз 80 нафар бонувон дар ҳайати дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа ин рушди намуди варзиши волейбол, ҷалби бештари омма ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Дар натиҷа сазовори ҷои якум дастаи волейболбозони ДДҲБСТ, ҷои дуюм дастаи волейболбозони ДИСДДТТ ва ҷои сеюм дастаҳои волейболбозони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд сазовор гардиданд.

Дар маросими ҷамбастии мусобиқа таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқа ин оммавӣ гардонидани варзиш, рушди намуди волейбол ва ҷалби васеи омма, алалхусус бонувон ба ин намуд, татбиқи барномаҳои маҳаллии соҳаи варзиш, пешгирии аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад

Дар охир ғолибону ҷоизадорон ва бозингарони беҳтарин бо диплому медал ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд