(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар гимназияи хусусии «Ганҷ»-и шаҳри Хуҷанд аз тарафи хонандагони синфи 4-ум бахшида ба Рўзи модар чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Модар фаришта аст» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ хонандагон дар васфи модар, зан, бонуи тоҷик шеъру суруд, тарона ва гуфторҳои ҷолиб ироа ва замзама намуданд.

Таъкид шуд, ки суруди аввалине, ки ба гӯши фарзанд расида, ӯро хоби роҳат мебахшад, аллаи рӯҳнавози модар аст. Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад. Яъне бӯи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз зудуда намегардад.

Рӯзи модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад. Зан – модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад. Дар ақсои олам низ сатҳи фарҳанги ҳар қавму миллатро вобаста ба муносибати он ба занону модарон муайян менамоянд.

Муассиси гимназияи «Ганҷ» ва маъмурияту омўзгорони он ба сатҳи баргузории чорабинӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки занону модарони мо дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар миёни фарзандони худ ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд. Дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор хазина аст. Ба ин маънӣ, занону модарони мо хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо сарф месозанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд