(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altТибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи Модар Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва муовини Раиси вилояти Анвар Яъқубӣ ба манзили якчанд нафар бонувони собиқадори арсаи меҳнат рафта, эшонро табрик намуда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Фирдавс Шарифзода ва Анвар Яъқубӣ зимни мулоқоти самимӣ бо собиқадорони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, аз ҷумла Бифотима Самадова, Муҳаррама Неъматова, Муҳаббат Мирсаидова, Мукаррама Бузрукова, Марҳамат Сайфуллоева, Инобат Маҳмудова, Муҳаббат Раҳматова, Сарвар Неъматҷонова, Муҳаббат Нозимова ва дигарон изҳор доштанд, ки корномаҳои онҳо дар саҳифаи тиллоии таърих сабт гардида, пайваста ғамхориҳои Давлату Ҳукумат нисбати чунин бонувони фидокор амалӣ мегардад.

Имрӯзҳо низ ин бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. Ҳамчунин онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан – модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд.

Аёдатшудагон аз чунин ташаббус изҳори миннатдорӣ намуда, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, баҳри амну осоиштагӣ ва пойдори Ваҳдат дар мамлакат дуои хайр намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд