(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Имрўз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи модар ба зиёда аз 300 нафар рўбандаю покизакорон ва гулпарварони шаҳр кўмакҳои ғизоӣ тақдим карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо рўбандаю покизакорон ва гулпарварони Сарраёсати ободонии шаҳр таъкид дошт, ки заҳмати шабонарўзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадршиносӣ мегардад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари онҳо тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад. Бахусус дар замони паҳншавии бемориҳои сирооятӣ мо бояд дар ҷодаи ободонию тозагӣ масъулияти бештарро ҳис намоем.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки ҳар гоҳ, ки сокинону меҳмонон аз тамошои дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг, сабзазор ва кӯчаву хиёбонҳои зебо, тозаю озодаи шаҳри бостонии Хуҷанд ба ваҷд меоянд, пеш аз ҳама ба меҳнати шумоён баҳои баланд медиҳанд.

Дар арафаи Рӯзи модар қадршиносии заҳмати онҳо рамзист, зеро Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад. Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд мебошад. Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.

Ҳамчунин онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан – модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд. Ҳамчунин аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳр супориш дода шуд, ки собиқадорони соҳаи ободониро марҳила ба марҳила барои табобату тавонбахшӣ ба осоишгоҳҳо фиристонида шаванд ва имрӯз бахшида ба Рузи модар барномаи бошукуҳи консертӣ барои онҳо ташкил карда шавад.

Рўбандаю покизакорон ва гулпарварон, ки аз кўмакҳои ғизоӣ, аз қабили орду равған, макарон, биринҷ, чойи хушк, туҳфаҳои хотиравӣ ва ғайраҳо бархўрдор шуданд, миннатдории хешро ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумат барои таваҷҷуҳ изҳор доштанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд