(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар муассисаи таълимии хусусии «Гулчини маърифат» бахшида ба Рўзи модар маҳфили намунавии шаҳрӣ таҳти унвони «Гулдухтарони Гулчин» баргузор гардид.

Маҳфил бо суруди Баҳор ифтитоҳ гардида, дар ҷараёни гулдухтарони муасисаи таълимии «Гулчини маърифат» аз рўйи шартҳои муаррифӣ, пазандагӣ, дўзандагӣ, раќќосагӣ, намоиши либоси миллӣ, саволу ҷавоб аз фанни технолоогияи маҳорати хешро нишон доданд.

Гуруҳҳо бо номҳои «Садбарг», «Лола», «Нилуфар», «Раъно», «Чаманоро», «Наргис», «Савсан» бо маҳоарти хосса истеъдди хешро муаррифӣ ва маҳорати кадбонугӣ, дўзандагӣ ва ҳунарии хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар васфи модар суруд таронаҳои ҷолиб сароида шуд.

Таъкид гардид, ки мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад.

Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ ва пос медорад. Дар яке аз ривоятҳои куҳан омадааст, ки «атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, меҳр аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо якдигар омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад».

Аз ин рӯ, зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шурӯъ мешавад.

Намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр, омўзгорони муассиса ба сатҳи баргузории чорабинӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки ташкили чунин маҳфилҳо ба сатҳи маҳорат ва касбии гулдухтарон мусоидати фаъол менамояд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд