(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altХУРШЕДИ ЗИНДАГИИ ИНСОНИЯТ-МОДАР

Модарону хоҳарон ва бонувони арҷманд!

Бо камоли эҳтиром ва орзуҳои неку таманниётҳои наҷиб дар ин рӯзҳои аввали баҳорӣ, оғози эҳёи табиат, сарчашмаи хуррамӣ ва покизагиву зебоӣ ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи модар, ки воқеан ҳам иди меҳру вафо ва покиву садоқат ба зан – модар маҳсуб меёбад, самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо тани сиҳат, иқболи баланд, дар хонадонатон осоишу оромӣ ва пирўзиву баракати зиндагониро орзу менамоям.

Боиси ифтихор ва шоистаи зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон бо тантанаву шукӯҳи хосса ва дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

Бо арҷгузории самимона ва эҳтирому эътиқоди баланд ба хираду заковат ва бузургии Шумо – модарону бонувони иззатманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Имрўз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову Шумо мебошад.»

Зан – модар мураббии аҳли башар ва устоди нахустини ҳар инсон буда, он муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад. Аз ин лиҳоз пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ў қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми занону модарон ва кулли бонувонро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон умри дароз, саодати рӯзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда ва дар таълиму тарбияи фарзандони худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст комёбиҳо орзу менамоям.

Рӯзи модар муборак бошад, модарону бонувони азиз!