(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имруз дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид, ки он ҷиҳати ҷалби довталабон ва шиносоӣ намудани онҳо бо раванди таълим ва муҳити донишкада равона карда шуд. Хатмкунандагони мактабҳои миёнаи вилоят дар ин рӯз бо номгӯи ихтисосҳо, кафедраву факултетҳо ва озмоишгоҳу дигар инфрасохтори донишкада аз наздик шинос гардиданд, аз ҷумла бо 4 факултет, 14 кафедра, 4 марказ, 9 шуъба, раёсати идораи рақамӣ ва литсейи политехникӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар донишкада дар умум 167 синфхонаи таълимӣ, 41 озмоишгоҳи таълиму таҳқиқотӣ, 26 синфхонаи компютерӣ, 4 синфхонаи лингафонӣ, 2 толори варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 1 парки технологӣ, 3 китобхонаи рақамӣ бо 465 ҷойи нишаст, хобгоҳ ва маркази таълимии омӯзишӣ мавҷуд аст Миқдори компютерҳо ба 1500 адад расида, проектор 314 адад, тахтаи электронӣ 137 адад мебошад. Дар чор факултети донишкада – информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт, муҳандисӣ – технологӣ ва муҳандисӣ - иқтисодӣ аз рӯи 29 ихтисоси зинаи бакалавриат, 5 ихтисоси шакли таҳсилашон фосилавӣ, 18 ихтисоси зинаи магистратура, 9 ихтисоси зинаи докторантура (PhD), инчунин 13 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ, 181 нафар устодон ба 4125 нафар донишҷӯ дарс мегӯянд.

Таъкид шуд, ки дар донишкада аз рӯи 4 ҳадафҳои стратегии рушди мамлакат ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат омода карда мешаванд, аз ҷумла дар самти энергетика, нақлиёт, саноати сабук ва хӯрока, барномарезӣ. Донишҷӯён дар раванди таълим аз 41 озмоишгоҳҳои бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонидашуда салоҳиятҳои касбиро азхуд менамоянд.

Дар чор озмоишгоҳҳои самти энергетика корҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ доир ба манбаҳои барқароршавандаи энергия аз ҷумла истифодаи энергияи шамол ва офтоб, таъмин намудани эътимоднокии таҷҳизот ва шабакаҳои барқӣ гузаронида мешавад.

Зикр гардид, ки дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, дар се озмоишгоҳҳо барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ, ташкили ҳамлу нақли бор ва мусофирон, самаранок истифодабарии нақлиёти автомобилӣ корҳои тадқиқотии нарзаррас гузаронида мешаванд. Усули баҳодиҳии мутобиқати автомобилҳои тамғаи гуногун ба шароити истифодабарии вазнини кӯҳӣ аз рӯйи харҷи сӯзишворӣ ва методикаи тасҳеҳи меъёри харҷи сӯзишворӣ вобаста ба нишондиҳандаҳои шароити истифодабарӣ коркард шуда, онҳо дар муассисаи нақлиётии мусофиркашони ҶСК “Сорбон” татбиқ шудаанд. Дар донишкада китобхонаи рақамӣ амал мекунад, дар он зиёда 56919 адад маводи таълимӣ - методӣ ва илмӣ дарбар мегирад.

Бо мақсади боз ҳам диққатҷалбкунанда гузаронидани “Рӯзи дарҳои кушод” аз тарафи барномарезони донишкада барномаи компютерии озмун аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ “Донишманд”омода карда шуд. Дар рафти озмун довталабон фаъолона иштирок намуданд ва ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравии директори донишкада қадрдонӣ карда шуданд.Аз соли 2020 дар зинаҳои магистратура ва бакалаври донишкада ихтисоси зеҳни сунъӣ амал карда, барои рушди иқтисоди рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ мусоидат менамояд.

Хонандагони макотиби миёнаи шаҳру навоҳии вилоят мамнунияти хешро аз дастовардҳои донишкада баён намуда, изҳор доштанд, ки ба чунин муассисаи олии муосир ва пешрафта ҳуҷҷатҳои хешро месупоранд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд