(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ҷаласа баргузор гардид.

Дар ҷаласаи васеи Раиси шаҳр бо иштироки масъулини дахлдор масоили вобаста ба танзими расму оини миллӣ, вазъ ва ҳолати маъракаҳои гузаронидашуда дар соли 2021 мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Нахуст мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳр Муҳсин Миркамолов дар ин самт пурра маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки тибқи ҳисоботи оморӣ дар шаҳр соли 2021-ум 1329 адад маърака ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 маъракаи гузаронидашуда, 201 адад зиёд мебошад. Хароҷоти маъракаҳои гузаронидашуда ба таври умумӣ 6 млн. 146 ҳазору 900 сомониро ташкил дод.

Дар ин давра назорати санҷиши мунтазам аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва аъзоёни комиссияи доимии маҳаллӣ якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуда, дар натиҷа 10 ҳолати қонунвайронкунӣ ҷиҳати риоя накардан ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳангоми баргузории ҷашну маросим ошкор карда шудааст. Нисбати шахсони қонунвайронкунанда парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол карда шуд.

Дар 22 маҳаллаҳои шаҳр, дар корхонаву муассисаҳои дар ҳудуди шаҳр буда, новобаста аз шакли моликияташон, ки зиёда аз 30 нафар корманд кору фаъолият менамоянд, комиссияи ҷамъиятӣ ташкил карда шудааст. То ин муддат миқдори чунин комиссияҳои ҷамъиятӣ 210 ададро ташкил дод. Дар соли 2021 нақшаи фаъолияти комиссияи доимӣ 88 адад комиссияҳои ҷамъиятии корхонаву муассисаҳоро мавриди санҷиш қарор гирифт.

Зимни баррасии масъалаи мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд аз масъулини дахлдор ҷиҳати иҷрои саривақти дастур супоришҳо, иҷрои қонунгузории танзими раму оин ва рафъи мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, таъкид намуд, ки халқи тоҷик дар тўли ҳазорсолаҳо анъана ва ҷашну маросимҳои соф миллӣ дошт ва онҳо аз ҷумлаи рўзгордории аҳди қадим ва қонуну давлатдорӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешаванд. Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаётӣ иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рў оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амали бениҳоят хайреро анҷом дод.

Бо вазифагузориҳои мушаххас ба ҷаласа ҳусни анҷом бахшида шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд