(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа истиқболи Рўзи модар

«Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад». Ин яке аз муҳимтарин нуктаест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабр зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр доштанд: «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бе дареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад».

Воқеан ҳам маориф чун воситаи асосиест, ки барои рушд ва пешравии миллат хизмат менамояд. Бояд гуфт, ки Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолияти омӯзгорон фазои наву мустақилият ворид намуд, омӯзгорон машғулияти худро бо андешаҳои миллӣ мувофиқ карданд ва бо ин дар тарбияи худшиносии насли наврас ва ҷавонон имконияти бештар фароҳам омад.

Аз зумраи инсонҳои сарсупурдаи соҳаи маориф Биинобат Маҳмудова мебошанд, ки бо кору пайкори хеш ба дилу дидаи ҳазорҳо шогирдонаш нақш бастааст.

Биинобат Маҳмудова 15 – феврали соли 1955 аз оилаи колхозчӣ таваллуд ёфтааст. Падараш Шарифов Маҳмудҷон бригадири колхози ба номи Ӯрунхӯҷаев шуда кору фаъолият мебурданд. Модараш Ҷӯраева Биомина соҳибхоназан буданд. Дар оила мо 5 нафар фарзандон будем. Ҳама дорои маълумоти олӣ буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият намудааст.

Мавсуф соли 1971 МТМУ №28-и ноҳияи Б. Ғафуровро хатм намуда. ҳамон сол ба ИПДТ ба номи С.М Киров дохил шуд ва бо онро муваффақият соли 1976 онҷоро хатм намуд. Бо роҳхат ба МТМУ №17 ҳамчун роҳбари созмон ва омӯзгори физикаю математика қабул шуда, кору фаъолият дошт. Соли 1984 ҳамчун ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия фаъолият бур ва соли 1987 ба тариқи интихоб директори ин муассиса қабул шуд. Шавҳараш Абдулаҳат Сайдуллоев низ дар МТМУ № 22 ҳамчун чонишини сарвар оид ба таълиму тарбия ва аз соли 1990 то соли 2005 ҳамчун сарвари мактаб фаъолият намуда, то охири ҳаёташон ҳамчун омӯзгори технологияи писарҳо фаъолият карданд. Оиладор соҳиби 4 фарзанд, 11 набера ва 3 абера мебошад.

Фарзандонаш Моҳирахон Азимова омӯзгор – директори литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд, Ҷамшедҷон Азимов дар Федератсияи Руссия, Толибҷон Сайдуллоев соҳибкори хурди инфиродӣ, Мунирахон Сайдуллоева омӯзгори фанни технологияи иттилоотии литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи М. Осимии шаҳри Хуҷанд мебошанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд