(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа истиқболи Рўзи модар

Фарҳанг ин ҳастии миллат аст. Вақте ки дар бораи таърихи фарҳанги миллиамон меандешем равшан мегардад, ки он асрҳои инҷониб чун падидаи басо мураккабу бисёрҷабҳа дар раванди таърихию иҷтимоӣ ва чун зуҳуроти том дар ҷараёни мунатазам тағирёбандаи олами чун ҷону рўҳи халқамон эъҷозофарин будааст. Гузашта аз ин фарҳанг зуҳури олами ботинӣ ва рўзгори рўзмарраи мардум буда, симои ҷомеаро муаррифӣ менамояд. Муаррифгар ва масъули он низ бояд аҳли фарҳанг ва фарҳангсолор бошад.

Аз зумраи чунин инсонҳои зиёие, ки тамоми ҳастиашро ба фарҳанг бахшидаасту тўли чанд сол бори азими онро мекашад, инсони хоксор, самимӣ ва донандаи кори худ-Тахмина Абдуқаҳҳорзода мебошад.

Тахмина Абдуқаҳҳорзода 23-уми июни соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Падараш-Азизов Абдуқаҳҳор муҳандис, модараш- Азизова Малоҳат корманди заводи “Алмос” буда, айни ҳол дар нафақа мебошанд. Ӯ соли 1989 МТМУ-и №10-и шаҳри Хуҷандро хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, соли 2004 онро бо муваффақият хатм намуд.

Фаъолияти меҳнатии Тахмина Абдуқаҳҳорзода аз соли 1999 ба ҳайси лаборанти кафедраи “Забон ва адабиёти ҳозираи тоҷик” оғоз гардида, минбаъд аз соли 2002 дар Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар вазифаҳои коргузор, мутахассис, сармутахассис ва муовини сардори Раёсати вилояти Суғд то соли 2014 фаъолият намудааст. Аз соли 2014 то соли 2019 вазифаи мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимимяти давлатии шаҳри Бӯстонро ба ӯҳда дошт.

Таҳмина Абдуқаҳҳорзода солҳои 2008-2011 шуъбаи китобдории коллеҷи санъати ба номи Содихон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд ва солҳои 2013-2018 факултаи корҳои маданӣ-равшаннамоии Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ихтисоси “Менеҷменти фарҳанг” бо баҳои аъло хатм намуд.

Таҳмина Абдуқаҳҳорзода аз мутахассисони варзидаи соҳаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даҳҳо чорабиниҳои фарҳангии сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ба ҳайси роҳбари бадеъӣ фаъолият намудааст.

Хизматҳои Таҳмина Абдуқаҳҳорзода бо даҳҳо Ифтихорномаву Сипоснома ва Дипломҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Мастҷоҳ, Бӯстон, вилояти Суғд, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011 бо нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва соли 2019 бо мукофоти давлатии “Ифтихорнома”-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд