(2 голоса, среднее 2.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБа истиқболи Рўзи модар

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш таъкид намуданд, ки «Давлат ва Ҳукумати мамлакат саҳми бонувону занонро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан дар солҳои вазнину ҳассоси оғози соҳибистиқлолӣ, барқарорсозии баъдиҷангӣ ва давраҳои минбаъдаи рушди кишвар ҳамеша қадр менамояд. Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз бонуи тоҷик ҳамчун чеҳраи сиёсӣ, вакил, олим, омӯзгору табиб ва муҳандису адиб шинохта шудааст ва сафи бонувони олимону ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор ва хоҷагидору соҳибкор торафт меафзояд.

Аз ҷумла чунин бонувони хушзавқ ва матинирода Дилором Маллаева мебошад, ки дар рушди фарҳанг ва арҷгузорӣ ба урфу анъанаҳои миллӣ саҳми шоиста гузошта меояд.

Дилором Маллаева 15 марти соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик буда, соҳиби маълумоти олӣ мебошад.

Соли 1997 пас аз хатми мактаби тахсилоти умумии № 15 шаҳри Хуҷанд ба омўзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд ба шўъбаи фортепиано дохил шуда, соли 2001 омўзишгоҳи мазкурро бомуваффакият хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуда, соли 2008 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси “Ҳуқуқшинос” хатм намудааст. Соли 2017 ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дохил шуда , соли 2020 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси менеҷменти соҳаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун роҳбари мусиқӣ дар боғчаи №22 шаҳри Хуҷанд аз соли 1999 оғоз намудааст. Аз соли 2002 дар мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ҳамчун омўзгори шўъбаи фортепиано фаъолияташро давом дода, солҳои 2007-2017 вазифаи мудири қисми таълимиро ба ўҳда дошт.

Таҷрибаи корӣ, малакаю чашми кордонӣ, ташаббускорию масъулиятшиносии ўро ба инобат гирифта, соли 2017 ўро директори мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд таъин намуданд.

Таҳти сарварии ӯ омӯзгорон ва хонандагони мактаб санаи 16.11.2021 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе дар даври ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” бомуввафақият баромад намуда, аз рӯи номинатсияи навозандагии эстрадӣ Темирова Сабрина сазовори ҷойи дуюм, аз рӯи номинатсияи сарояндагии анъанавӣ Ӯрунова Замира сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Хонандагони муассиса дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Парвин - 2022” низ фаъолона иштирок намуда, ба даври ҷумҳуриявӣ Норматова Фаризахон, Обидов Ҳусейнҷон, Негматҷонов Муҳаммадҷон ва Бурҳонов Ҳасанҷон роҳхат гирифтанд.

Фаъолияти арзандаи касбию ҷамъиятии мавсуф бо Ифтихорномаҳои Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд сарфароз гардида, соли 2017 бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Ӯ аз соли 2019 аъзои Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Дилором Маллаева дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва фарҳангии шаҳру вилоят фаъолона ширкат варзида, оиладор ва соҳиби 2-нафар фарзанд мебошад.

Баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат ва мақоми иҷтимоии занону духтарон, ҳалли масъалаҳои ҳаёти онҳо, аз ҷумла бо роҳи омӯзонидани илму дониш, касбу ҳунар ва дарёфт намудани ҷойҳои корӣ ба маҳаки фаъолияти асосии Дилором Маллаева мубаддал гардидааст.

Воқеан ҳам зиндагӣ аз зан – модар сарчашма мегирад ва занону бонувони мо як боли қавии давлати соҳибихтиёрамон мебошанд. Сафи чунин занони хирадпеша ва меҳнатдўст зиёда гардад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд