(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рӯзи Модар мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба волейбол байни дастаҳои бонувони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус оғоз гардид.

Мусобиқа дар толори варзишии ДДҲБСТ баргузор гардида, дар он дастаҳои волейболбозон аз донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳои ҳудуди шаҳри Хуҷанд иштирок менамоянд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғиби ва густариши намуди варзиши волейбол, ҷалби бештари наврасону ҷавонон алалхусус бонувон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқи тарзи ҳаëти солим мебошад.

Мусобиқа ба таври даври гузаронида шуда, ҷамъбасти он санаи 4-уми март ба нақша гирифта шудааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд