(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ Рўзи дарҳои кушод бо иштироки васеи хатмкунандагони макотиби таълимии шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки Коллеҷи тибии шаҳри Хуҷанд яке аз муассисаҳои таълимии соҳибмақом, бонуфуз ва хазинаи тарбияи кадрҳои соҳибихтисосу соҳибунвони кишвар ба шумор меравад. Боиси сарафрозист, ки имсол 90 солагии ин макони илму фан таҷлил мегардад. Ин даргоҳи муқаддаси таълимиро то имрӯз зиёда аз 34 000 нафар донишҷӯён хатм намуда, алҳол хатмкунандагони он дар тамоми муассисаҳои табобатии шаҳру навоҳии кишвар ва берун аз марзи он фаъолият мебаранд. Ин макони илму маърифат сарчашмаи эътимодбахши ҳимояи саломатии ҷомеа маҳсуб меёбад.

Аз тарафи омӯзгорони муассиса то имрӯз байни муҳассилини таҳсилоти умумии шаҳру навоиҳо корҳои ташвиқоту тарғиботии касбинтихобкунӣ гузаронида, имрӯз дарҳои кушод эълон карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар муассиса факултетҳои кори табобатӣ, кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ, кори фармасевтӣ, кори дандонсозӣ, кори тиббӣ офиятӣ амал мекунад.

Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳӣ бо раванди таълиму тарбия дар ин боргоҳи маърифат аз наздик шинос шуда, ба саволҳои хеш ҷавоб дарёфтанд.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории “Рӯзи дарҳои кушод” дар он аст, ки хонандагон аз наздик бо фаъолияти муассисаи мазкур шинос шуда, дар интихобкунии касб ба хатогӣ роҳ надиҳанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд