(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ бо мақсади истиқболи сазовори ҷашнҳои 25 солагии Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша чорабиниҳои таҳиягардида силсилаи корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад.

Тибқи дастуру нишондодҳои Роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд дар КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд», корҳои ободонию, созандагӣ ва сабзкорию бунёдкориҳои ҳудуди муассиса ҷоннок карда шуд.

Имрӯзҳо аз ҷониби кормандони муассиса майдони ҳудуди корхона пурра мумфарш карда шуда, майдончаҳои он ба тартиб дароварда шуда, беш аз 230 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкан, 1100 дона тухми лола ва 1000 адад гулҳои ҳамешасабз шинонида шуданд. Ҳар шанбе бо ҷалби кормандони муассиса тадбирҳои ободонию сабзкорӣ амалӣ карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки баҳри рушди корхонаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд” амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он таҷдиди корхона ва харидории техникаву таҷҳизоти хизматрасон роҳандозӣ гардида, ба сифати хизматрасонии корхона таъсири мусбат расонидааст. Алҳол дар ин самт бунёди бинои мошинсарой ва толори таъмиру таҷҳизоти техникаҳои корхона бомаром идома дорад, ки дар ояндаи наздик таъмиру таҷдиди техникаҳои муассиса дар худи КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» роҳандозӣ карда мешавад.

1000 адад қуттиҳои партовкашон пурра азнавсозӣ ва дар қаламрави шаҳр гузошта шуданд. Боз иловатан беш аз 60 адад қуттиҳои нав омода карда шуданд, ки дар партовгоҳҳои пешбинишуда гузошта мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд», ягона муассисаи коммуналии шаҳр мебошад ва он реҷаи кори худро дар 3 баст ба роҳ монда, аз ҳудуди шаҳр партовҳоро ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд мекашонад.

Аз фаъолияти бонизоми корхонаи мазкур тозагии шаҳр ва саломатии сокинони вобастагӣ дорад. Кормандон ҳамарўза ҷиҳати саривақт гирифтани партов аз ҳудуди шаҳр фаъолнокӣ зоҳир намуда, масъулияти ҷиддӣ дар самти тозагии шаҳр ва ороста намудани кўчаву хиёбонҳоро ба уҳда гирифтаанд.

Воқеан ҳам сокини шаҳри Хуҷанд будан ифтихор аст. Барои ба ин ифтихор сазовор гаштан ҳар як сокини шаҳрро зарур аст, ки фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намуда, дар хуррамгардонӣ, ободиву зебоӣ ва тозагии маркази маъмурии вилояти Суғд саҳм гузорад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд