(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрӯз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо варзишгарони ҷоизадор, мураббиён ва собиқадорони соҳа мулоқоти озоду ошкоро намуд.

Шаҳрдор дар оғози мулоқот зикр дошт, ки варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дўстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ мемонад. Таърихи пурғановати миллати куҳанбунёдамон шаҳодат медиҳад, ки варзиш аз замони пеш ҳамқадами аҷдоди номвари мо буда, анъанаи аз хурдсолӣ ба машқҳои ҷисмонӣ ҷалб намудани насли наврас ва омода намудани онҳо барои дифои марзу буми муқаддаси диёр хеле маъмул буд.

Ҳанўз дар он замонҳои қадим байни мардум гўштину найзапартоӣ, камонвариву чавгонбозӣ барин намудҳои варзиш маҳбубият доштанд ва ин анъанаи хуби тарбияи ҷисмониву варзиши миллӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рангу тобиши нав зуҳур намуданд. Маҳз дар муддати беш аз 30 соли истиқлолияти давлатӣ варзиши миллии тоҷик рў ба рушд овардаву ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт ва дар ин замина ҷиҳати оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки бо шарофати Истиқлолият чун дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон дар қаламрави шаҳр низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рушду таҳким ёфта истодаанд. Аз ҷумла, соҳаи варзиш чун омили камолоти ҷисмонӣ ва тавоноии мардуми диёр пазироӣ ва мавриди таваҷҷўҳи махсус қарор гирифта, зимни суханрониҳои хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд, ки «Ҷавонони соҳибмаърифату босавод ва аз ҷиҳати ҷисмонию маънавӣ баркамолро тарбия намудан вазифаи боифтихор аст. Зеро, ки ҷавонони солиму пурқудрат – тандурустиву қудрати миллатанд».

Таъкид шуд, ки файзи амали сиёсати дурбинона аст, ки имрўз дар тамоми паҳлўҳои ҳаёти ҷомеа нақши муассири ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи ояндасоз ба пуррагӣ эҳсос мегардад.

Дар ин радиф бояд қайд намуд, ки варзишгарону ҷавонони шаҳр дар соли сипаригардидаи 2021 ба як қатор дастовардҳои назарраси соҳавӣ расида, давлатамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Зикр бояд намуд, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дастаи Клуби футболи Хуҷанд ба гирифтани Ҷоми Тоҷикистон сазовор гардид.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода изҳори умедворӣ намуд, ки варзишгарону ҷавонони шаҳр минбаъд низ дар мусобиқаҳо ва чемпионатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ширкат варзида, шарафи варзиш ва тамаддуни миллати тоҷикро маъруфият бахшида, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ парафшон менамоянд.

Сипас аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба 48 нафар варзишгарони ҷоизадор, мураббиён ва собиқадорони туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Варзишгарон барои чунин қадршиносӣ изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид намуданд, ки дар оянда низ баҳри баланд бардоштани Парчами миллӣ дар мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ ҷаҳд намуда, дастовардҳои соҳаро афзун хоҳанд намуд. Барои тарбияи насли солим ва бунёдкор саҳмгузорӣ менамоянд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд