(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар асоси нақша-чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд моҳи март дар ҳамаи идора, ташкилоту муассисаҳо аксияи "Биёед, Тоҷикона мепӯшем!" гузаронида мешаванд.

Ҳадаф аз баргузории аксияи мазкур тарғиби либоси миллӣ ба шумор меравад. Зеро вақте сухан аз аз сару либоси миллӣ мераванд, ҳатман симои зан-модари тоҷик бо сару либоси хосаи зебо, ки дар ҳар давру замон посдори урфу одат ва анъанаҳои муқаддаси халқу миллат мебошад, пеши назар меояд.

Либоси атласу адрас ва чакан ҳам ба зани роҳбару соҳибкор, ҳам ба олиму омӯзгор ва ҳам ба донишҷуву хонандаи мактаб зебанда аст.

Вале, мутаассифона имрӯз баъзе занону духтарон тақлид ба фарҳанги бегона карда, либоси ғайр ба бар мекунанд. Аз ин рӯ, волидон, омӯзгорон ва фаъолони ҷомеаро мебояд садди роҳи бегонапарастиро бигиранд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд