(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар кўчаи “Баҳористон”-и маҳаллаи шаҳри Хуҷанд бо ҷалби ҳашарчиён аксияи тозагии муҳит гузаронида шуд.

300 нафар муҳассилини литсейи касбӣ-политехникии шаҳри Хуҷанд ба аксия ҷалб гардида, мавзеъ аз ҳаргуна ифлосиҳо, партовҳои бесоҳиб тоза карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки кўчаи мазкур дар мавзеи сайёҳгузар, канори роҳи “Душанбе-Чаноқ” қарор гирифта, ба ҳусни шаҳр костагӣ мерасонид.

Партовҳои ҷамъшуда тариқи идораҳои марбутаи коммуналии шаҳр ба партовгоҳи асосии шаҳри Хуҷанд бурда шуд.

Таъкид шуд, ки маърифати экологии аҳолӣ, ки ҳамчун асоси ҳадафи зиндагии тозаю озодаи шаҳрвандон гардад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ тамоми имкону захираҳои таълимию тарбиявиро васеъ истифода мекунад, то ҳар як шаҳрванд барои ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист масъулияти баланд эҳсос намояд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд