(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд волидони ҷавононе, ки дар даъвати тирамоҳӣ ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Модар-Ватан рафта, айни ҳол адои хизмат намуда истодаанд, аёдат гардиданд.

Модарони аскаронро мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳорӣ табрик намуда, барои тарбияи фарзандони ватандӯсту хештаншинос, ки имрӯзҳо бо сари баланд ва бо садоқати афзун дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро анҷом дода истодаанд, изҳори сипосмандии роҳбарияти шаҳрро баён намуд.

Аёдатшудагон миннатдории худро ба Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва ғамхориҳои пайваста баён доштанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд