(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altХуҷанд: Бахшида ба Рўзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кисми харбии 6593 мусобиқаи ҳарбӣ варзишии “Ҳомии Ватан” бо иштироки сарбозону афсарон баргузор гардид.

Мусобиқа тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар он зиёда аз 120 нафар сарбозону афсарон байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Мусобиқа аз рўи намудҳои тирпарронӣ, ба қисмҳо ҷудо ва ҷобаҷокунии автомати тамғаи "Калашников", кашидани вазн, партофтани норинҷак, давидан ба масофа, вазнбардорӣ ва сафороӣ гузаронида шуд.

Дар маросими ҷамъбастӣ собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговар-интернатсионалистон, иштирокчиёни сохти конситутсионӣ, намояндагони кор бо ҷавонон иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ байни онҳо, санҷиши донишу малакаи ҷавонон, пешгирии ҷинояткориву қонунвайронкунӣ ва омилҳои номатлуб мебошад.

Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи ҳарби варзишӣ ҷом, диплом, ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд