(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо иқдоми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ як қатор собиқадорони Артиши миллӣ, оилаҳои фавтидагони барқароркунандагони сохти конститутсионии мамлакат ва хизматчиёни ҳарбӣ аёдат карда шуданд.

Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд зимни суҳбат бо аёдатшудагон, аз ҷумла Аъзам Одилов, сокини маҳаллаи “Раззоқ”, Эҳсон Ғанихўҷаев, Икром Очилов истиқоматкунандагони маҳаллаи “Суғдиён”, Абдуалӣ Абшукуров, Маҳмудхўҷа Маҳмадхоҷаев сокинони маҳаллаи “Мевағул” ва дигарон изҳор дошт, ки хизматчиёни ҳарбӣ бо ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориашон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, амнияти давлату ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон ва умуман, таъмини волоияти қонун ҳамеша дар мадди назари Давлату Ҳукумат қарор дорад.

Таъкид гардид, ки садоқат ба Ватан, хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон, ҳушёриву зиракӣ барои ҳимояи истиқлолу озодии кишвари азизамон – Тоҷикистон, ҳифзи манфиатҳои давлат ва мардуми кишвар вазифаи асосии ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Артиши миллӣ ба ҳисоб рафта, имрўз ин ҳама зери таваҷҷуҳи доимии Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.

Ба аёдатшудагон маводи ниёзи аввал ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат изҳори миннатдорӣ намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд