(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар қисми низомии 3501-и РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, роҳбарияти ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва аскарону афсарони ин қисми низомї баргузор гардид.

Темур Тўйчизода, мудири шуъбаи маъмурии ҳуқуқии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳайати қисми низомии 3501 расонд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад: «Бо дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти қисмҳои низомӣ ва омодагии ҷангии афсарону сарбозон сол аз сол тақвият ёфта, ин ниҳоди бонуфуз ҳамчун неруи тавонои ҳарбӣ амният ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоят менамояд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ низ бо рафтору интизоми намунавӣ, бо садоқат ба савганди ҳарбӣ рисолати пурифтихори хидмати содиқона ба халқу Ватани азизро бо сари баланд ба ҷо меоранд. Онҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, эътидоли вазъи сиёсиву низомӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди гурўҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои ҷинояткор ҳамеша омода мебошанд.

Мардуми сарбаланди вилоят ва хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои гарнизони Суғд минбаъд низ дар қатори дигар сокинони Ватани азизамон, бо дастгирии сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои миллат барои ҳифзи сулҳу субот, пешрафту шукуфоӣ ва тараққиёти минбаъдаи Ватан-Модар ва амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат саъю кўшиши бештар ба харҷ медиҳанд».

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, асфарону аскарони қисми низомии 3501-и РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро бо таъсисёбии Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, аз ҷумла афзуд, ки « Баробари соҳиби истиқлолияти давлатӣ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин иқдоми Ҳукумати кишвар ба вуҷуд овардани Қувваҳои Мусаллаҳ буд. Зеро ягон давлат бе Артиши миллии муҳтадир ва муҷаҳҳаз пойдор нест.

Ҳукумати мамлакат бо назардошти вазъияти тағйирёбандаи ҳарбӣ – сиёсии ҷаҳони имрўза ба таъмини моддӣ – техникӣ, пуррагардонии сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар эътибори хоса медиҳад. Дар ин ҷода, аз як тараф бо роҳи ташкил, пуррагардонӣ ва ҷобаҷогузории ҳисму воҳидҳои ҳарбӣ дар самти муҳими ҳарбӣ – стратегӣ, аз тарафи дигар бо роҳи муҳайё сохтани шароити мусоид барои сарбаландона иҷро намудани вазифаҳо дар ҳама ҳолатҳои фавҳулодда таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиҳлолият ва иҳтидори мудофиавии он ҳарзи муҳаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Ҷавонони мо бояд қарзи худро бо ҳисси ифтихор ва масъулият иҷро намоянд.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат барои ҷавонон муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо онҳо сабаҳи шуҷоату мардонагӣ, муҳофизат намудани Ватанро меомўзанд. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандўст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорист, ки яке аз онҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.

Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона созем, то мардуми шарифи мо дарк намояд, ки артиши қобили ҳифзи марзу буми кишвари худро дорад ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта барад.

Бо гузашти низомӣ ва иҷрои машқҳои тактикї ба чорабинии тантанавӣ бахшида ба 29-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ҳусни анҷом бахшида шуд. Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, роҳбарияти мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз вазъи хизмати афсарону аскарон аз наздик шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ барои ҳайати қисми низомӣ дастархонаи идона густурда шуда, дар ин рӯз барномаи фарҳангӣ низ пешбинӣ гардидааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд