(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Маҷмаааи ҳавзҳои шиноварии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд аз рўи намуди шиноварӣ баргузор гардид.

Мусобиқа бахшида ба Рўзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар он зиёда аз 45 нафар варзишгарон, аз ҷумла 7 нафар духтарон байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Тибқи низомномаи мусобиқа дар он наврасони соли таваллудашон 2006-2008, 2009-2010, 2011 ва хурд иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур ин тарғибу ташвиқи шиноварӣ байни наврасон, мустаҳкам намудани дўсти байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, муайян намудани дастаи яккачини шаҳр мебошад.

Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ғолибону ҷоизадорон ва бозингарони беҳтарин бо диплому медал ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд