(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо иқдомоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти вилояти Суғд санаҳои 26 ва 27-уми феврали соли 2022 дар майдони назди театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироатҳо гузаронида мешавад.

Ярмаркаи мазкур бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолии шаҳру навоҳии вилоят гузаронида мешавад.

Сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд метавонанд ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳоро аз ярмарка бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд