(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рўзи таъсисёбии Қуваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди баровардани Қушунҳои Иттиҳоди Шўравӣи аз хоки Афғонистон дар Варзишгоҳи Спартаки шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҳарбӣ варзишии “Ҳомии Ватан” бо иштироки ҷавонони синни тодаъватӣ баргузор гардид.

Мусобиқа тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи маориф, Иттифоқи интернатсиолистон ва комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар он зиёда аз 200 нафар ҷавонон дар ҳайати 12 даста аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти умумӣ байниҳам қувваозмоӣ намуданд.

Мусобиқа аз рўи намудҳои тирпарронӣр, ба қисмҳо ҷудо ва ҷобаҷокунии АК, кашидани вазн, партофтани норинҷак, давидан ба масофа, вазнбардорӣ ва сафороӣ гузаронида шуд.

Дар маросими ҷамбастиӣ собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговар интернатсиолистон, иштирокчиёни сохти конситутсионӣ, намояндагони кор бо ҷавонон, маориф, комиссариати ҳарбӣ иштирок намуданд.

Иброз карда шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи ҳарби варзиши баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ байни онҳо, санҷиши донишу малакаи ҷавонон, пешгирии ҷинояткориву қонунвайронкунӣ ва омилҳои номатлуб мебошад.

Дар охир дар вазъияти тантанвӣя ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи ҳарби варзишӣ ҷом, диплом, ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд