(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар майдони футболи Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1 шаҳри Хуҷанд маросими ҷамбастии мусобиқаи анъанавӣ аз рўи намуди футбол барои дарёфти мукофоти «Бойчечак-2022» баргузор гардид.

Мусобиқа тибқи нақшаи якҷояи бахши кор бо фавонон ва варзиш, шўъбаи маориф ва федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд аз санаи 3 январ то 18 феврали соли ҷорӣ доир гардида, дар он зиёда аз 800 нафар футболбозон дар ҳайати 50 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Тибқи низомномаи мусобиқа дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии соли таваллудашон 2009-2010, 2007-2008 ва 2005-2006 иштирок намуданд.

Дар маросими ҷамбастии мусобиқа муовини Раиси шаҳр Фирўза Нуруллозода иштирок намуд. Иброз шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқа ин оммавӣ гардонидани варзиш, рушди намуди футбол ва ҷалби васеи наврасону ҷавонон ба ин намуд, татбиқи барномаҳои маҳаллии соҳаи варзиш, пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷиночткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад.

Мусобиқаҳои мазкур аз рўи се синну сол чунин натиҷабардорӣ гардид.

Синну соли 2005-2006;

Ҷои 1-ум дастаи Гимназияи №4

Ҷои 2-ум дастаи МТМУ №16

Ҷои 3-ум дастаи Гимназияи №1

Синну соли 2009-2010;

Ҷои 1-ум дастаи МТМУ №22

Ҷои 2-ум дастаи Гимназияи №1

Ҷои 3-ум дастаи МТМУ №16

Синну соли 2007-2008

Ҷои 1-ум дастаи Гимназияи №4

Ҷои 2-ум дастаи МТМУ №16

Ҷои 3-ум дастаи Гёте

Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ғолибону ҷоизадорон ва бозингарони беҳтарин бо диплому медал ва тўҳофаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд