(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБо иқдоми Шўрои вилоятии ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ҷалби фаъолзанон, соҳибкорзанон, раисони шурои кор ба занони маҳаллаҳо, заноне, ки фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат менамоянд, аҳли зиёин, табибон сарбозони қисми ҳарбии 3501-и РВКД дар вилояти Суғд аксияи “Артиши миллӣ-кафили Истиқлоли давлатӣ” баргузор ва ҳамзамон ҳайати ин қисми низомӣ аёдат карда шуданд.

Дар оғози мулоқот бо сарбозон ва ҳайати қисми низомии мазкур Хуршеда Хоҷазода сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва дигарон баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки имрӯз ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳимми ҷомеаи мо табдил ёфтааст ва масъалаи ваҳдату ягонагӣ дар кору фаъолияти давлат ва ҳар як фарди ҷомеа қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва онро ҳифз мекунанд. Аз баракати сулҳу оромӣ мо нақшаҳои худро доир ба пешрафти босуботи кишвар, ободониву созандагии Ватан ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ муайян ва муттаҳид намудем, ки имрӯз бо дастгирии самимона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқамон дар ҷодаи амалӣ гардонидани онҳо бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем.

Давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини солҳои аввали истиқлолият тамоми имкониятҳоро ба хотири таъмини шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳои артиши навташкил равона сохт. Тайи солҳои сипаришуда даҳҳо ҳазор ҷавонони бонангу номуси Ватан аз тарбияи ин мактаби далериву шуҷоат, яъне хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ гузашта, қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намудаанд ва борҳо собит сохтаанд, ки Артиши миллӣ дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа бо сарбаландӣ баромада метавонанд. Мо имрўз дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинем, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша содиқу вафодор ҳастанд.

Сипас, фаъолзанон, соҳибкорзанон, раисони шурои кор ба занони маҳаллаҳо, заноне, ки фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат менамоянд, аз вазъи зиндагии сарбозони қисми низомии мазкур аз наздик шинос шуда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.

Мусобиқоти варзишӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ ва ғолибон қадршиносӣ шуданд.

Роҳбарияти қисми ҳарбии 3501-и РВКД дар вилояти Суғд ба роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хуҷанд изҳори миннатдорӣ намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд