(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади огоҳӣ аз раванди корҳои сохтмонию бунёдкорӣ дар соҳаи иҷтимоиёти шаҳр ба муносибати 25 солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои маориф ва тандурустӣ боздид ва ошноӣ пайдо кард.

Зимни боздид аз МТМУ №28 иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассисаи таълимӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо харҷи 18 миллион сомонӣ сохта мешавад. Тибқи лоиҳа иншоот аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 23 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Фармоишгари иншооти сохташаванда Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмонворидот” ва лоиҳакаш КФД “Суғдшаҳровар” мебошад. Мактаб барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Алҳол дар иншооти номбурда то 100 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ кору фаъолият доранд. Алҳол бунёди таххонаи мактаб ба охир расида, корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи якуми он бомаром идома дорад.

Фирдавс Шарифзода ба масъулини сохтмон ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва истифодаи васеи маҳсулоти ватанӣ дастуру супоришҳо дод. Ба масъулини соҳаи шаҳрсозӣ дастур дода шуд, ки атрофи бинои таълимиро ба тартиб дароварда, барои ба талаботи замони муосир қомат афрохтани иншооти атроф тадбирҳо андешанд.

Раиси шаҳр ҳамчунин аз ҳолати сохтмони ширхоргоҳ-кўдакистони №18-и шаҳри Хуҷанд шиносоӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимӣ ҳанўз соли 1959 сохта шуда, масоҳаташ 0, 33 га.–ро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар кўдакистон бомаром идома дорад ва алҳол тибқи лоиҳа он 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар атрофи он дигар иншооти зарурӣ барои тарбияи кўдакон низ бунёд карда мешавад. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр буда, пудратсии иншоот ширктаи «Сохтмонворидот» мебошад.

Баъди истифодаи ин муассисаи таълимӣ без аз 180 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта мешаванд.

Кўдакистони бунёдшаванда бо назардошти талаботи замони муосир сохта мешавад ва дар он беҳтарин шароити тарбияву ба камолрасонии кўдакон муҳайё мегардад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо раванди тадбирҳои ободонию созандагӣ ва корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар бинои асосии ҷарроҳию табоботии беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 ва тарофи он низ ошноӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои чорошёнаи ҷарроҳию табобатии беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба таҷдиду азнавсозӣ фаро гирифта шудааст. Дар бинои номбурда шуъбаҳои қабул, эҳё, ҷарроҳҳии фасоднок, ҷарроҳии калонсолон, осеби хурдсолон, осеби калонсолон, бемориҳои сўхта, ҷарроҳии бачагона, корпуси ҷарроҳикунонӣ ва ғайраҳо ҷойгир карда шуда, маҷмуан беш аз 250 кати табобатӣ барои беморонро фаро мегирад.

Раиси шаҳр ба сохтмончиён ҷиҳати анҷом додани корҳои босифати сохтмонӣ дастуру нишондҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, ба тартибдарории ҳудуди беморхона мароқ зоҳир карда шуд ва таъкид гардид, ки дар ҳудуди беморхона беморхона бояд аз даромади асосӣ ба макони орому осишта ва зебою мунаввар тадбил дода шавад ва бинову иншооти худсохт ба низом гирифта шавад. Деворҳои иҳотавӣ, ҷӯйборҳо, роҳрав ва истгоҳи мошинҳо азнавсозӣ гардад. Барои беморон ва корафтодагону шароити мусоиду замонавӣ баҳри муоилаву дидорбинӣ муҳайё карда шавад.

Зимни боздид аз майдонҳои ҳудуди беморхона ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати истироҳату фароғати беморон ва пайвандони онҳо беҳтарин шароити тафреҳӣ муҳайё карда шавад. Саҳни иншоот низ мувофиқ ба талаботи меъморӣ бунёд гардад ва барои сайру гашти табобатгирандагон ва ташрифи аёдаткунандагон имконияти зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Ҳамчунин ба сохтмончиён дастур дода шуд, ки дар ҳудуди беморхона ошхонаи замонавӣ ва бинои истгоҳи «Ёрии таъҷилӣ» сохта ба истифода дода шавад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки алъон корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ «Сохтмонворидот» ҷараён дорад ва беш аз 40 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ бо кору фаъолияти доимӣ машғуланд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода таъкид дошт, ки дар қаламрави шаҳр иқдомоти созандагӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бомаром идома дорад ва ҳамагон дар ҳамбастагӣ ҷиҳати боз ҳам зебову пешрафта намудани шаҳри бостонии Хуҷанд ҳиссагузорӣ хоҳем намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд