(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар майдони футболи Муассисаи давлатии "Мактаби варзишии рақами 1" -и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзиши оид ба футбол барои дарёфти мукофоти "Бойчечак" идома дорад.

Мусобиқа тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Федератсияи футбол, шуъбаи маориф ва бахши кор бо чавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд шуруъ аз 4 январи соли равон огоз гардида, он байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии солҳои таваллудашон 2005-2006, 2007-2008, 2009-2010 баргузор гардида истодааст.

Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 500 нафар футболбозони муассисаҳои таълимӣ дар ҳайати 30 дастаҳо байниҳам рақобат менамоянд.

Хадаф аз баргузории мусобиқаҳои мазкур ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд